Иштироки Ҳ.Зарифӣ дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ

Дар даҳаи дувуми моҳи августи соли 2012 дар шаҳри Маккаи Мамлакати Арабистони Саудӣ нишасти коршиносони Аршади кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, нишасти ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои аъзои Созмонӣ Ҳамкориҳои Исломӣ таҳти унвони «Ҳамраъйи исломӣ – ҳамбастагии исломӣ» баргузор хоҳад гашт. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ […]

ASIA-Plus


Дар даҳаи дувуми моҳи августи соли 2012 дар шаҳри Маккаи Мамлакати Арабистони Саудӣ нишасти коршиносони Аршади кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, нишасти ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои аъзои Созмонӣ Ҳамкориҳои Исломӣ таҳти унвони «Ҳамраъйи исломӣ – ҳамбастагии исломӣ» баргузор хоҳад гашт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар нишастҳои мазкур ҷониби тоҷикистонӣ зери роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ муҳтарам Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳайъати муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, Сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африкаи Вазорат Ардашер Қодирӣ ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев иштирок хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти вазирони корҳои хориҷии аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмонӣ Ҳамкориҳои Исломӣ Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва дар нишасти коршиносони Аршади кишварҳои Аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ муовини вазир Низомиддин Зоҳидов ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев ширкат меварзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова