Идомаи таслими силоҳ дар шаҳри Хоруғ

Date:


Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳри Хоруғ бо мусоидати аҳли ҷомеа, намояндагони дин ва шахсони ҷудогона ҷараёни таслими ихтиёрии силоҳи аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чанде қабл миқдори зиёди яроқҳои гуногунтамға, аз ҷумла автомати Калашников, норинҷакҳои гуногунтамға, яроқҳои суфтамил,  таппончаҳои тамғаи Макаров, снарядҳо ва миқдори зиёди тирҳои тамғаҳои гуногун дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хотиррасон месозад, ҳар нафаре, ки яроқу лавозимоти ҷангиро ихтиёран месупорад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Дар иттилои интишоршудаи Вазорати корҳои дохилӣ доир ба шумораи умумии силоҳу муҳимоти мусодирашуда маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, рӯзи панҷшанбе мувофиқа ҳосил шудааст, ки яке аз қумондонҳо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар мақомоти додситонии ноҳияи Шуғнон баёнот медиҳад.

Қаблан ҳукуматдорон боисрор тақозо намуда буданд, ки М.Муҳаммадбоқиров бояд дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ баёнот диҳад. «Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадбоқиров нигаронӣ дошт, ки дар ШКД-и шаҳри Хоруғ ба ҳабс гирифта мешавад, аз ин рӯ, боисрор талаб кард, ки дар мақомоти додситонии ноҳияи Шуғнон баёнот хоҳад дод», – иттилоъ дод хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...