Маросими видоъ бо халабонони фавтида дар фурудгоҳи Айнӣ

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, 19-уми август, дар мавзеи наздики фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ як ҳавопаймои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба садама дучор шуд. Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон дар фурудгоҳи Айнӣ маросими видоъ бо халабонони фавтидаи ҳавопаймои Як-52 – афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Суҳроб Бойпочоев ва Алексей Кошелев баргузор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, 19-уми август, дар мавзеи наздики фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ як ҳавопаймои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба садама дучор шуд.

Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон дар фурудгоҳи Айнӣ маросими видоъ бо халабонони фавтидаи ҳавопаймои Як-52 – афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Суҳроб Бойпочоев ва Алексей Кошелев баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудорфиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар маросими видоъ намояндагони мақомоти раҳбарии Вазорати мудофиа, афсарони нерӯҳои низомии ҳавоии Тоҷикистон ва хешону наздикони афсарон ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳавопаймои мавриди садама қароргирифта ба Ҷамъияти мусоидат ба мудофиаи Тоҷикистон мутааллиқ буд.

Прокуратураи ҳарбӣ сабабҳои суқути ҳавопаймои мутааллиқ ба Ҷамъияти мусоидат ба мудофиаи Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ қарор дода, бо ин мақсад комиссияи байниидоравӣ таъсис дода шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.