Намояндаи ВКХ: Хориҷ гаштани Ӯзбекистон аз ЕврАзЭС ба муносибати Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя таъсир нахоҳад гузошт

Date:



           

Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев изҳор дошт, ки хориҷ гаштани Ӯзбекистон аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ба муносиботи Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя таъсир нахоҳад гузошт.





           

Ба қавли ӯ, миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати ҳамкории пурсамар дар бахшҳои гуногун ба қадри кофӣ асноди меъёриву ҳуқуқии шартномавӣ ба тасвиб расидаанд.




           

Номбурда зикр кард, ки ҳар кишваре дар масъалаи иштирок дар ин ё он созмону иттиҳод комилҳуқуқ аст. «Тоҷикистон бо кишвари ҳамҷавор ҳам дар доираи муносиботи дуҷониба ва ҳам бар асоси муносибот дар чаҳорчӯбаи СММ, ИДМ, СҲШ ва СААД ҳамкорӣ хоҳад кард», – афзуд ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...