Таҷлили ҷашни 80-солагии Хоруғ ба моҳи сентябр мавқуф гузошта шуд

Таҷлили ҷашни 80-солагии шаҳри Хоруғ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки қаблан рӯзҳои 21-22-юми август пешбинӣ шуда буд, ба даҳаи аввали моҳи сентябр мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади кам кардани хароҷоти чорабиниҳои идона чунин тасмим гирифта […]

Аваз Юлдошев


Таҷлили ҷашни 80-солагии шаҳри Хоруғ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки қаблан рӯзҳои 21-22-юми август пешбинӣ шуда буд, ба даҳаи аввали моҳи сентябр мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади кам кардани хароҷоти чорабиниҳои идона чунин тасмим гирифта шудааст.

«Ҷашни шаҳри Хоруғ рӯзҳои 6-7-уми сентябр дар баробари ҷашни 21-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон таҷлил мегардад, – гуфт раиси ВМКБ. – Ҷашни муштараки ду чорабинии идона дар як вақт имкон медиҳад, ки хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ба таври назаррас сарфа шаванд».

Дар посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҷеъ ба иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои идонаи шаҳри Хоруғ, Қ.Қосим иброз дошт, ки алҳол дар ин бора дақиқан чизе маълум нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.