Баррасии масоили мубориза бо ифротгароиву терроризм дар Суғд

Аввали моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба муносибати 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон таҳти унвони «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм: вазъ ва дурнамо» конфронси илмиву амалӣ доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд […]

Мавлуда Рафиева


Аввали моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба муносибати 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон таҳти унвони «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм: вазъ ва дурнамо» конфронси илмиву амалӣ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Фирӯз Боқӣ хабар дод, дар кори конфронс намояндагони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии вилоят ва шаҳру навоҳиии кишвар, Академияи улум, макотиби олӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, мақомоти қудратӣ, Кумитаи умури дин, Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилоят ва дигар мақомоти дахлдор ширкат хоҳанд варзид.

Ба гуфтаи вай, ҳадаф аз баргузории конфронс ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар муборизаи муштарак  бо ифротгароиву терроризм ва беҳбуди сатҳи тахассусии онҳо дар ин самт аст.

Бино ба маълумоти мақомоти додситонии вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон нисбат ба 56 нафар узви фаъоли созмонҳои ифротгароӣ аз ҳисоби сокинони вилоят тафтишоти пешакӣ сурат гирифта, аз ин миқдор 54 нафар узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва 2 нафар аъзои ҳизби «Ҳизб-ут-Таҳрир» мебошанд. Нисбат ба ин афрод 7 парвандаи ҷиноӣ боз гардида, он ба баррасии додгоҳ пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин тибқи иттилои ҳамин мнбаъ, соли 2011 дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 135 нафар аъзои фаъоли созмонҳои диниву ифротгарои фаъолияташон мамнӯъ ошкор гардида, нисбати онҳо 14 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.