Оғози Бозихои XIV-уми параолимпӣ дар Лондон

Имрӯз дар шаҳри Лондон маросими ифтитоҳи Бозихои XIV-уми параолимпӣ доир мегардад. Тоҷикистонро дар ин бозиҳо танҳо як варзишгар – Парвиз Одинаеви 30-сола намояндагӣ мекунад. Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии ҷаҳон, дар ин маросим намоиши театрикунонидашудаи хотирмон бо иштироки беш аз 3 ҳазор нафар ихтиёриён ба нақша гирифта шудааст. Бозихои XIV-уми параолимпии Лондон то 9-уми сентябр […]

Меҳрангез Турсунзода


Имрӯз дар шаҳри Лондон маросими ифтитоҳи Бозихои XIV-уми параолимпӣ доир мегардад. Тоҷикистонро дар ин бозиҳо танҳо як варзишгар – Парвиз Одинаеви 30-сола намояндагӣ мекунад.

Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии ҷаҳон, дар ин маросим намоиши театрикунонидашудаи хотирмон бо иштироки беш аз 3 ҳазор нафар ихтиёриён ба нақша гирифта шудааст.

Бозихои XIV-уми параолимпии Лондон то 9-уми сентябр идома меёбанд. Дар он 4200 варзишгарони маълул аз 165 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, баҳри ба даст овардани 502 медал дар 20 навъи варзиш қувваозмоӣ мекунанд.

Варзишгари тоҷик Парвиз Одинаев дар мусобиқоти интихобӣ оид ба пауэрлифтинг дар шаҳри Дубай дар як навъи он мақоми дуввумро ишғол намуда, ба ин мусобиқот роҳхат гирифт.

Парвиз Одинаев бо мураббиаш ва намояндагони Кумитаи параолимпии Тоҷикистон рӯзи 22-юми апрел ба шаҳри Лондон раҳсипор шуда буданд. Ҳунарнамоии нахустини варзишгари тоҷик дар ин бозиҳо рӯзи 3-юми сентябр соати 23:00 бо вақти Душанбе доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.