Вохӯрии нахуствазир бо президенти ширкати «TeliaSonera»

Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо президенти ширкати шведиву финландии «TeliaSonera» Ларс Нюрберг баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сохторҳои алоқаву телекоммуникасстионии Тоҷикистон бо ширкати мазкур, ки дар бозори ҷаҳонии алоқа ва Интернет ҷойгоҳи муносиб дорад, мавриди баррасӣ […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо президенти ширкати шведиву финландии «TeliaSonera» Ларс Нюрберг баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сохторҳои алоқаву телекоммуникасстионии Тоҷикистон бо ширкати мазкур, ки дар бозори ҷаҳонии алоқа ва Интернет ҷойгоҳи муносиб дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи омодасозӣ ва такмили касби мутахассисони тоҷик дар таълимгоҳҳои заминавии ширкати  «TeliaSonera» дар бахшҳои алоқаи мобилӣ ва Интернет таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар Тоҷикистон ширкати «TeliaSonera» дар соҳаи алоқа ва пешниҳоди хизматгузории шабакаи Интернет фаъолият дошта, муассиси асосии ширкати алоқаи мобилии «Tcell» мебошад. Ларс Нюрберг ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи бинои нави ширкати «Tcell» дар маркази Душанбе ташриф овард, ки субҳи дирӯз барпо шуд.

Бинои нави 12-ошёнаи ширкат дар хиёбони Рӯдакӣ, маркази шаҳр қомат афрохтаааст. Сохтмони бинои мазкур наздики 2,5 сол идома ёфт. Бино аз идораҳои корӣ ва марказҳои пешниҳоди хизматгузорӣ иборат аст. Департаментҳои ширкат, ки қаблан дар идораҳои гуногун дар маркази шаҳр мустақар буданд, акнун дар бинои ягона мутамарказ мешаванд ва ин иқдом ба беҳбуди сифати кори ширкат мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки холдинги «TeliaSonera» ва Бунёди Оғо Хон муассисони ин ширкат мебошанд. «TeliaSonera» дар кишварҳои скандинавӣ, назди Балтика, Испания ва бозорҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи минтақаи Авруосиё бо шумули Русияву Туркия хизматгузориҳои телекоммуникатсиониро ба роҳ мондааст. Дар бозорҳои Авруосиё «TeliaSonera» дорои бастаҳои саҳмияҳои ширкатҳои муваффақи алоқаи мобилӣ дар Қазоқистон (Kcell), Озарбойҷон (Azercell), Гурҷистон (Geocell), Молдова (Moldcell), Тоҷикистон (Tcell), Ӯзбекистон (Ucell) ва Непал (Ncell) мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.