Сӯхтор дар маркази Душанбе хомӯш карда шуд

Сӯхторе, ки нимаи дуюми дирӯз дар яке аз манзилҳои истиқоматии бинои баландошёнаи маркази шаҳр ба амал омад, дар зарфи як соат хомӯш карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ хабар доданд, онҳо аз сар задани сӯхтор дар бинои мазкур соати 16:00 огоҳ шудаанд. Ба ҷойи ҳодиса 5 дастаи оташнишониии хадамот […]

ASIA-Plus


Сӯхторе, ки нимаи дуюми дирӯз дар яке аз манзилҳои истиқоматии бинои баландошёнаи маркази шаҳр ба амал омад, дар зарфи як соат хомӯш карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ хабар доданд, онҳо аз сар задани сӯхтор дар бинои мазкур соати 16:00 огоҳ шудаанд. Ба ҷойи ҳодиса 5 дастаи оташнишониии хадамот сафарбар шуда, ба оташнишонон муяссар гардид, ки дар як муддати кӯтоҳ ба манзили дар ошёнаи 4-ум ҷойгиршудаи бинои нӯҳошёнаи рӯ ба рӯи мағозаи марказии шаҳр (ЦУМ) ворид шаванд ва сӯхтор дар муддати начандон зиёд хомӯш карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бар асари сӯхтор 1,5 метри мураббаъи манзил зарар дидааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, сӯхтор бар асари ноҷӯрии кондитсионер сар задаст. Гуфта мешавад, аз сӯхтор касе осеб надидааст.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.