Ба бемористон мунтақил шудани сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зокир Вазиров дар ҳолати вазнин ба бемористони марказии клиникии Боку оварда шуд. Дар ин бора Агентии иттилоотии АПА-и Озарбойҷон хабар медиҳад. Бино ба маълумоти расонаи хабарӣ, табибон вазъи солимии Зокир Вазировро, ки инсулт (сактаи майна)-ро аз сар гузаронид, вазнин арзёбӣ мекунанд. Айни замон иҷрои вазифаҳои сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба зиммаи […]

ASIA-Plus


Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зокир Вазиров дар ҳолати вазнин ба бемористони марказии клиникии Боку оварда шуд. Дар ин бора Агентии иттилоотии АПА-и Озарбойҷон хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти расонаи хабарӣ, табибон вазъи солимии Зокир Вазировро, ки инсулт (сактаи майна)-ро аз сар гузаронид, вазнин арзёбӣ мекунанд. Айни замон иҷрои вазифаҳои сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба зиммаи мушовири сафорат Зоҳир Саидов вогузор шудааст.

Аз бемористони марказии клиникии Боку ба Агентии АПА иттилоъ додаанд, ки сафир дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. «Айни замон нафаскашии ӯ душвор буда, бемор баъди муътадил гардидани вазъ ба палатаи муқаррарӣ гузаронида мешавад», – гуфтааст манбаъ ба АПА.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин иттилоъро алҳол тасдиқ накарданд.

Зокир Вазиров бо фармони президенти Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2008 сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъин шуд. То ин дам ба ҳайси ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати ҶТ (аз моҳи декабри соли 2006), вазири меҳнат ва ҳифзи аҳолии ҶТ (аз моҳи феврали соли соли 2005) ифои вазифа намуда, аз соли 1998 то соли 2005 мутобиқи квотаи 30 дарсадаи ҷудошуда ба Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ба сифати муовини нахуствазири ҳукумати Тоҷикистон фаъолият дошт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.