Кӯлоб: Хайрияи иди Рамазон ба камбизоатон тақсим шуд

Маблағи пулии хайрия дар ҳаҷми 130 ҳазор сомонӣ, ки дар намози иди Рамазон дар 157 масҷиди 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб ҷамъоварӣ шуд, ба қишри камбизоати аҳолии минтақа тақсим гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, бо пешниҳоди комиссияҳои махсуси назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ин маблағ […]

Турко Дикаев


Маблағи пулии хайрия дар ҳаҷми 130 ҳазор сомонӣ, ки дар намози иди Рамазон дар 157 масҷиди 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб ҷамъоварӣ шуд, ба қишри камбизоати аҳолии минтақа тақсим гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, бо пешниҳоди комиссияҳои махсуси назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ин маблағ ба 2005 оилаи ниёзманд ба кӯмак дастрас карда шуд.

Ш.Абдулҳамидов мегӯяд, рӯзи ид маблағи аз ҳама бештар дар масҷидҳои ноҳияҳои Темурмалик ва Ҳамадонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки мутаносибан 136 ва 101 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

«Имомхатибони 12 масҷиди шаҳру ноҳияи Кӯлоб ҳарчанд аз намозгузории 25 ҳазор ибодаткунандагон дар ин рӯз хабар дода бошанд ҳам, дар ин масҷидҳо ҳамагӣ 9 ҳазору 780 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.