Сафари сардори Ситоди кулли ҚМ Тоҷикистон ба Маскав

Муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамил Надиров имрӯз ҷиҳати иштирок дар машварати сардорони ситоди кулли кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Маскав сафар кард. Бино ба маълумоти сомонаи расмии СААД, машварат таҳти раёсати сардори Ситоди муттаҳидаи созмон, муовини аввали вазири мудофиа ва раиси Кумитаи сардорони […]

Аваз Юлдошев


Муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамил Надиров имрӯз ҷиҳати иштирок дар машварати сардорони ситоди кулли кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Маскав сафар кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии СААД, машварат таҳти раёсати сардори Ситоди муттаҳидаи созмон, муовини аввали вазири мудофиа ва раиси Кумитаи сардорони ситоди Вазорати мудофиаи Қазоқистон Сакен Жасузаков баргузор шуда, дар кори он Дабири кулли СААД Николай Бордюжа иштирок ва маърӯза хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар машварат масоили рушди ҳамкориҳои низомӣ дар доираи созмон, такмили сохтори амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуда, аз санҷиши доиргардида дар ҷузъу томҳо ва қисмҳои низомии кишварҳои узви СААД, ки ба ҳайати Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали Нерӯҳои ҳомии сулҳ шомиланд, натиҷагирӣ хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.