Суғд: Чорабиниҳои ҲХДТ ба хотири дастгирии сулҳу созиш

Бо ташаббуси бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар тамоми ноҳияҳои вилоят ба хотири дастгирии сулҳу созиш дар кишвар чорабиниҳо доир мегарданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳов, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хабар дод, чанде қабл дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент ба ин монанд […]

Аваз Юлдошев


Бо ташаббуси бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар тамоми ноҳияҳои вилоят ба хотири дастгирии сулҳу созиш дар кишвар чорабиниҳо доир мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳов, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хабар дод, чанде қабл дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент ба ин монанд чорабинии калони идонаи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он наздики 10 ҳазор сокинону меҳмонон иштирок карданд.

«Дар ин чорабинӣ муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Даврон Зоҳидов, раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров ва дигар фаъолони ҳизб суханронӣ намуда, аз вазъи мавҷуда дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ ва амали гурӯҳҳои ҷиноятпешаро, ки амну субот ва шукуфоии Тоҷикистон «табъи дилашон нест», маҳкум карданд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, бахши ҲХДТ дар вилояти Суғд сафари як гурӯҳ модарони сарбозони вилоят ба навоҳии тобеи марказро созмон дод, ки дар ҷараёни ин вохӯриҳо модарон бо шароити будубоши фарзандон, афсарон ва ҳамхизматони онҳо аз наздик ошно мегарданд.

«Чанде қабл вохӯрии модарони сарбозони вилояти Суғд бо сарбозону афсарони Гвардияи миллӣ дар шаҳри Турсунзода ба анҷом расида, онҳо ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт раҳсипор шуданд», – афзуд У.Солеҳов.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.