Муноқишаи ҷавонон дар Душанбе бо фоҷеа анҷом ёфт

Бар асари муноқишаи ҷавонон, ки шоми рӯзи 26-уми август дар Душанбе рух дод, як ҷавони 20-сола ба ҳалокат расид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба гумони даст доштан дар ин куштор мақомот афроди қаблан маҳкумшуда – Шералӣ Муродови 21-сола, Субҳонқул Тошзодаи 19-сола ва Шарифҷони Абдулазизи 22-соларо боздошт намудаанд. Дар ҷараёни тафтишот муайян карда […]

ASIA-Plus


Бар асари муноқишаи ҷавонон, ки шоми рӯзи 26-уми август дар Душанбе рух дод, як ҷавони 20-сола ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба гумони даст доштан дар ин куштор мақомот афроди қаблан маҳкумшуда – Шералӣ Муродови 21-сола, Субҳонқул Тошзодаи 19-сола ва Шарифҷони Абдулазизи 22-соларо боздошт намудаанд.

Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки нимашаб ин се нафар ба як гурӯҳи ҷавонон – Сорбон Музаффарбеков 20-сола, Даврон Нозимов ва Ҷамшед Ибодови 22-сола дарафтода, Шералӣ Муродов бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои бадани Сорбон Музаффарбеков задаст, ки дар натиҷа ахирӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст», – хабар медиҳад ВКД.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.