Имконнопазирии интиқоли беш аз 100 маҳбус аз шимол ба ҷануби кишвар

Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон имкон надорад, ки 117 нафар маҳбусонро аз Хуҷанд ба муассисаҳои ислоҳотии Душанбе интиқол диҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати баҳисобгирии махусуси Сарраёсати мазкур Гулзора Тайроншоева хабар дод, ба ин кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон иҷозат намедиҳад, зеро роҳи оҳани Душанбе-Ҳуҷанд қаламрави ин кишварро низ убур мекунад. «Сокинони Душанбе, ки дар […]

Меҳрангез Турсунзода


Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон имкон надорад, ки 117 нафар маҳбусонро аз Хуҷанд ба муассисаҳои ислоҳотии Душанбе интиқол диҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати баҳисобгирии махусуси Сарраёсати мазкур Гулзора Тайроншоева хабар дод, ба ин кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон иҷозат намедиҳад, зеро роҳи оҳани Душанбе-Ҳуҷанд қаламрави ин кишварро низ убур мекунад.

«Сокинони Душанбе, ки дар вилояти Суғд даст ба ҷиноят задаанд, бояд пас аз 10 рӯзи ҳукми қонунӣ гирифтани ҳалномаи додгоҳ, бояд ба Душанбе ё вилояти Хатлон фиристода шаванд», – мегӯяд вай.

Ба гуфтаи ӯ, дар вилояти Суғд муассисаҳои ислоҳотӣ барои занон, ноболиғон ва афроде, ки бори нахуст даст ба ҷиноят задаанд, мавҷуд набуда, танҳо муассисаҳои ислоҳотии низоми қатъӣ ва шадид амал мекунанд

«Бо ҳавопаймо интиқол додани маҳбусон хеле гарон ва бо нақлиёти автомобилгард бошад, хел хатарнок буда, айни замон ҷиҳати дар муассисаҳои ислоҳотии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба миқдори ниҳоят зиёд зиндонӣ нагардидани маҳбусон чораҳо андеида мешаванд», – афзуд Тайроншоева. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.