Раиси пойтахт ба қишри осебпазири аҳолӣ 2,5 млн. сомонӣ ҷудо кард

Ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатиии истиқлоли ҷумҳурӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе барои қишри осебпазири аҳолии пойтахт ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина ҷудо кард. Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 2 млн. 464 ҳазору 600 сомонӣ маблағ ҷудо шуд. Ба 155 нафар иштирокчиёни Ҷанги […]

ASIA-Plus


Ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатиии истиқлоли ҷумҳурӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе барои қишри осебпазири аҳолии пойтахт ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина ҷудо кард.

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 2 млн. 464 ҳазору 600 сомонӣ маблағ ҷудо шуд.

Ба 155 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании муқими пойтахт дар ҳаҷми 600 сомонӣ ва 96 нафар дорандагони ордену медалҳо барои корнамоӣ дар ақибгоҳи ҶБВ ба маблағи 500 сомонӣ кӯмакпулӣ дода хоҳад шуд.

Ҳамчунин 1952 нафар шахсони муддати беш аз шаш моҳ дар ақибгоҳ фаъолиятдошта, сокинони муқими пойтахти дар муҳосираи Ленинград қарордошта, ҷанговарон-интернатсионалистон, маъюбони рафъи садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ва оилаҳое, ки дар онҳо ду ва зиёда аз он маъюбон зиндагӣ мекунанд, бо 450 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина таъмин карда мешаванд.

Ғайр аз ин, ба 3613 нафар кормандони  Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба ҳар кадоме дар ҳаҷми 400 сомонӣ кӯмак расонида мешавад.

Раиси пойтахт ба муовинонаш ва раисони ноҳияҳо супориш дод, ки то 31-уми август расонидани кӯмак ба шахсони зикршударо таъмин намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.