Содироти маҳсулоти МОИ «Суғд» ба Чину Русия ва Қазоқистон

Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» маҳсулоти худро ба кишварҳои Чину Русия ва Қазоқистон содирот карданианд. Дар маъмурияти МОИ «Суғд» хотиррасон намуданд, ки корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» аллакай содироти маҳсулот ба Афғонистонро ба роҳ мондааст. Ба гуфтаи роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Анвар Яқубов, то охири сол содироти маҳсулот ба минтақаҳои Қазоқистон ва Русия ба нақша […]

Пайрав Чоршанбиев


Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» маҳсулоти худро ба кишварҳои Чину Русия ва Қазоқистон содирот карданианд.

Дар маъмурияти МОИ «Суғд» хотиррасон намуданд, ки корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» аллакай содироти маҳсулот ба Афғонистонро ба роҳ мондааст.

Ба гуфтаи роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Анвар Яқубов, то охири сол содироти маҳсулот ба минтақаҳои Қазоқистон ва Русия ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин пешниҳоди маҳсулоти рангмоливу локӣ ба Чин дар назар аст. «Дар ин самт корхонаи муштараки «Стар Пласт» ва ҶДММ «Равзана Пластик» фаъолият дошта, то охири сол масъалаи содироти қубур ба Қирғизистон ва сохторҳои пластикӣ барои дару тиреза ба Афғонистон ҳаллу фасл мешавад», – гуфт вай.

А.Яқубов зикр кард, ки феълан ҳафт субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба тавлиди маҳсулот шурӯъ карда, дар минтақа ба сурати умум 18 субъект ба қайд гирифта шудааст. «Дар аксари субъектҳо корҳои сохтмону барқароркунӣ идома дошта, технология ва таҷҳизоти муосир фармоиш дода мешаванд», – изҳор дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли равон ширкатҳои «Равзана Пластик» ва «Некон» ба кор шурӯъ карда, дар заминаи корхонаи муштараки «Стар пласт» ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли қубурҳои пластикӣ се хатти нави технологӣ ба истифода дода шудаанд. «Ғайр аз ин, истеҳсоли контейнерҳо барои нигоҳдории сабзавоту мева ва зарфҳо барои захираи ранг ба роҳ монда шуда, дар заминаи корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» истеҳсоли колерҳо (илова ба рангҳо)-и анвоъи гуногун оғоз гардид», – зикр кард А.Яқубов.

Роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» афзуд, дар зарфи 7 моҳи соли равон корхонаҳои МОИ «Суғд» ба маблағи умумии беш аз 11 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио