Мусодираи беш аз 10 кило маводи мухаддир аз ҷониби кормандони АНМН

Date:


Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҷараёни гузаронидани амалиёти оперативӣ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро, ки аз ҷониби сокини маҳаллӣ идора мешуд, мавриди боздошт қарор доданд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур иттилоъ доданд, длар ҷараёни санҷиш аз бордони автомашина зарфи фулодие пайдо карда шуд, ки дар дохилаш моддаи хамирмонанди дорои бӯи махсус дошт.

Лабораторияи ташхиси судии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон муайян намуд, ки моддаи мусодирашуда навъи афюн буда, вазни он бештар аз 10 килоро ташкил кард.

Дар рафти тафтишот маълум гардид, ки ин миқдори махсусан калони афюн ба мусофири автомашинаи тамғаи «“Мерседес-Бенс», шаҳрванди 49-солаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон тааллуқ дорад. Мавсуф қаблан бо моддаи 200, қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 12 сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум шуда будааст. Баъди аз маҳбас ҷавоб шудан барои худаш хулосаи даркорӣ набароварда, амали хешро идома додааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва дастгиршуда ҳоло дар тавқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Бо мақсади ошкор ва дастгир намудани шахсони дигари ба ин амали ҷиноятӣ алоқаманд айни замон Агентӣ чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мегузаронад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...