Баррасии масоили ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират миёни Тоҷикистону Русия

Ахири ҳафтаи гузашта дар Маскав зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Констатин Ромодановский масоили ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар бахши муҳоҷират баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Ахири ҳафтаи гузашта дар Маскав зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Констатин Ромодановский масоили ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар бахши муҳоҷират баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, ҷалби муташаккили муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия ва роҳандозии омӯзиши забони русӣ аз ҷониби муҳоҷирон табодули назар намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта С.Девонаев ҷиҳати роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба оид ба масоили марбут ба муҳоҷирати тоҷикон ба Русия бо сафари корӣ ба ҳавзаҳои федералии Русия рафт.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои гуногун, айни замон дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки аз аҳолии 8 млн. нафараи ҷумҳурӣ қариб ҳар нафари ҳаштумро ташкил медиҳад.

Соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷрини корӣ аз Русия ба Тоҷикистон наздики 3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки қариб ба 50%-и ҳаҷми порсолаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио