Қадрдонии ғолибони мусобиқаи вилоятӣ оид ба самбо аз ҷониби ҲХДТ

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халақии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 21-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 20-солагии Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи самбо доир гардид, ки дар он аз 7 шаҳру ноҳия 110 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Тавре аз КИ […]

ASIA-Plus


Дар доираи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халақии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 21-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 20-солагии Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи самбо доир гардид, ки дар он аз 7 шаҳру ноҳия 110 нафар варзишгарон иштирок намуданд.

Тавре аз КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар маросими кушодашавии мусобиқа муовини аввали Раиси КИВ ҲХДТ Анвар Ҷалилов, муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов, роҳбари бахши кор бо ҷавонони МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, сардори тиҷорати Раёсати минтақавии ширкати «Мегафон»-Тоҷикистон дар вилояти Суғд Холмат Ҷӯрабоев суханронӣ намуда, ба варзишгарон барор хостанд.

Сипас, варзишгарон давоми рӯз аз рӯи 12 вазн байни ҳам қуввасанҷӣ карданд. Дар ҷамъбаст аз рӯи ҳисоби даставӣ ҷои аввал насиби гӯштингирони шаҳри Хуҷанд гардид. Ҷойҳои дуюму сеюмро варзишгарони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен ишғол намуданд. Амир Тошбоев (ш.Хуҷанд) варзишгари беҳтарин, Ҳоҷӣ Ғуфрон Тошбоев (ш.Хуҷанд) мураббии беҳтарин ва Ҷамшед Шониёзов (н.Ҷ.Расулов) довари беҳтарин дониста шуд. Дар вазъияти тантанавӣ Анвар Ҷалилов ва Насим Маликисломов ба ғолибон медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии КИВ ҲХДТ-ро супориданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.