Имзои шаш санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон

Субҳи имрӯз сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани президенти ин кишвар идома ёфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, муҳокимаи масоили ҳалталаб нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ ва сипас дар музокироти расмӣ бо иштироки […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани президенти ин кишвар идома ёфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, муҳокимаи масоили ҳалталаб нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ ва сипас дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду кишвар сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушӣ аз муколамаи сиёсии созанда дар сатҳи олии ду кишвар таъкид дошт, ки «таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҳиндустон ҷузъи муҳим ва усулии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар самти Осиё мебошад».

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, ҷаҳонгардӣ ва саноат, хусусан дар самтҳои иктишоф ва коркарди маъданҳо, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли мачолеҳи сохтмон таъйид намуданд.

Сипас дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Манмоҳан Сингҳ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: Созишнома миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некуаҳволии оилаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва тиб; Созишнома миёни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнат; Барномаи табодул миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф; Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бофандагии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ; Барномаи ҳамкории миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар барои солҳои 2013-2015 ва Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва ҷавонон.

Зимни изҳороти матбуотӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Манмоҳан Сингҳ ба натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ баҳои баланд дода, дурнамои рушди муносиботи ду кишварро дар ояндаи наздик умедбахш номиданд.

Манмоҳан Сингҳ, аз ҷумла изҳор дошт, ки «Тоҷикистон шарики калидии Ҳиндустон дар Осиёи Марказӣ аст». «Мо ба қарор омадем, ки муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ бароварда шаванд», – таъкид дошт сарвазири Ҳиндустон. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки «Ҳиндустон аз талошҳои Тоҷикистон барои ҳамроҳшавӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо дастгирӣ мекунад».

Тибқи изҳороти сарони давлатҳо, ду ҷониб ба қарор омааданд, ки бурсияҳои таҳсилотии Ҳиндустон барои донишҷӯёни тоҷик аз 100 ба 150 адад расонда шаванд. Таъсиси маркази татбиқи технологияҳои гуногуни муосири Ҳиндустон дар Тоҷикистон яке аз иқдомҳои муҳим барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории судманди ду кишвар номида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.