Ҷустуҷӯи ҷасадҳои ғарқшудаи оилаи Ғафуровҳо идома дорад

Аз ҷустуҷӯи ҷасадҳои оилаи Ғафуровҳо, ки рӯзи 26-уми август бар асари садамаи нақлиёт дар рӯдхонаи Фондарёи ноҳияи Айнӣ ғарқ шуданд, ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати омдгаии наҷотдиҳандагони КҲФ ва МГ ҶТ полковник Олег Пилкевич хабар дод, мутобиқи меъёрҳои байнулмилалии амалиёти наҷотдиҳӣ, дар дарёҳое, ки сатҳи ҷоришавии оби он аз ду […]

Аваз Юлдошев


Аз ҷустуҷӯи ҷасадҳои оилаи Ғафуровҳо, ки рӯзи 26-уми август бар асари садамаи нақлиёт дар рӯдхонаи Фондарёи ноҳияи Айнӣ ғарқ шуданд, ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати омдгаии наҷотдиҳандагони КҲФ ва МГ ҶТ полковник Олег Пилкевич хабар дод, мутобиқи меъёрҳои байнулмилалии амалиёти наҷотдиҳӣ, дар дарёҳое, ки сатҳи ҷоришавии оби он аз ду метр дар як сония зиёдтар аст, ғаввосон корҳои наҷотдиҳӣ гузаронида наметавонанд. «Сатҳи ҷоршавии об дар рӯдхонаи Фондарё бошад, бамаротиб зиёдтар аст», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаҳо гувоҳи онанд, ки рӯдхона дар муддати 20-15 рӯз худаш ҷасадҳои фавтидаро канори соҳил меафканад. «Шурӯъ аз рӯзи рух додани фоҷеа соҳилҳои рӯдхонаҳои Фондарё ва Зарафшон таҳти мушоҳидаи мунтазами наҷотдиҳандагони кумита қарор доранд», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, бо дархости хешовандони оилаи Ғафуровҳо сокинони деҳоти наздисоҳилии ноҳияҳои Айниву Панҷакент низ ба ҷустуҷӯ пайвастаанд.

Ёдрас мекунем, ки садамаи нақлиёти мазкур рӯзи 26-уми август дар километри 110-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа волидайн ва се нафар кӯдакони синнусоли аз 5 то 15-солаи онҳо фавтиданд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», саробони оила Даврон Ғафурови 36-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Митсубиси Паҷеро» таҳти идораи Бахтиёр Абдуллоеви 41-сола бармехӯрад.

Дар натиҷаи ин бархӯрд автомашинаи «Мерседес»-и оилаи Ғафуровҳо ба рӯдхонаи Фондарё сарозер рафта, ҳамаи аъзои оилаи Ғафуровҳо ғарқ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио