«Тоҷик Эйр» ба Донишгоҳи техникӣ ҳавопаймо тақдим кард

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар ҷашни Рӯзи ҳавопаймоии шаҳрвандии Тоҷикистон, ки санаи 3-юми сентябр таҷлил гардид, ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон як ҳавопаймои аз истифода бозмондаро тақдим намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр»,  ҳавопаймои тақдимшуда барои донишҷӯён ҳамчун дастури таълимӣ истифода хоҳад гардид. Ба иттилои манбаъ, ин ҳавопаймо муддати 20 сол дар […]

Аваз Юлдошев


Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар ҷашни Рӯзи ҳавопаймоии шаҳрвандии Тоҷикистон, ки санаи 3-юми сентябр таҷлил гардид, ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон як ҳавопаймои аз истифода бозмондаро тақдим намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр»,  ҳавопаймои тақдимшуда барои донишҷӯён ҳамчун дастури таълимӣ истифода хоҳад гардид.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳавопаймо муддати 20 сол дар ширкат истифода шуда, ба хатсайрҳои самти Душанбе-Бишкек, Душанбе-Алма-Ато ва Душанбе-Хоруғ парвозҳо анҷом медод. Солҳои ахир он дар парвозҳои омӯзишиву тамринӣ мавриди истифода қарор мегирифт.

Зикр гардид, ки барои омӯзиш ба Донишгоҳи техникӣ ҳамчунин муҳаррик, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти ҳавопаймоҳои навъи Ту-154, Як-40 ва чархболи Ми-8 низ тақдим карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.