Таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар Маскав

Date:


Дар шаҳри Москва, дар Кохи фарҳанги Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия, 21-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таҷлил гардид.

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Россия, дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг гурӯҳи карнаю сурнайнавозон ва доирадастон бо оҳангу садоҳои дилошӯб меҳмонон – сафирону роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими ш. Москва, роҳбарону намояндаҳои ниҳодҳои расмии Федератсияи Россия, аз ҷумла роҳбарону кормандони вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, тоҷикистониёни муқими Россия, сарварону намояндагони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни кишвари иқомат, кормандони расонаҳои хабариро пешвоз гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни суханронӣ дар ин маросим сафири Тоҷикистон дар Россия Абдулмаҷид Достиев аз раванди дастёбии Тоҷикистон ба истиқлолият, аҳамияти он пас аз 11 асри бедавлатӣ, мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ёриву мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳи Мустақил (ИДМ) ва бахусус Федератсияи Россия ёдовар шуд.

Сипас Андрей Иванович Денисов – муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия ҳамаи тоҷикистониёнро бо 21-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфт. Ӯ аз душвориҳо ва гирудорҳои солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон, саъю кӯшишҳо ҷиҳати ба эътидол овардани авзоъ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр кард: «Маҳз хиради таърихии мардуми тоҷик бойис шуд, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот барқарор гардад».

Дар анҷоми маросим ба ҳозирин барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related