Ширкати «Тетис Петролеум» барои фаъолият дар Тоҷикистону Қазоқистон таҷҳизоти нав дастрас мекунад

Date:



           

Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати «Тетис Петролеум» эълом дошт, ки ҷиҳати дастрас кардани таҷҳизоти пармакунӣ ва корҳои дигар дар конҳои газу нафт бо корхонае ба мувофиқа расидааст.





           

Тавре ноиби президенти ин ширкат оид ба робита бо сармоягузорон Сабин Росси ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, таҷҳизоти мазкур аз дастгоҳи пармакунӣ, дастгоҳ барои таъмири асосӣ, дастгоҳи кафшергарӣ барои сохтмони лӯлаҳо, кранҳо, мошинҳои боркаш ва ғайра иборат аст.




           

Ба қавли ӯ, ин таҷҳизот барои истифода дар корҳои иктишофиву ҷустуҷӯии конҳои нафту газ дар Тоҷикистону Қазоқистон пешбинӣ гардида, ба кам шудани хароҷот ва беҳбуди суръати корҳо мусоидат хоҳад кард.




           

Номбурда афзуд, ки маблағҳои сармоягузории ширкат дар марҳилаи аввали фаъолият дар Тоҷикистон 8 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...