Наздикони Имомназаров изҳороти вазири мудофиаро рад мекунанд

Наздикони Имомназар Имомназаров , ки рӯзи 22-юми август кушта шуд, изҳороти вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар бораи имкон надодан ба баргузории тафтиши куштори Имомназаров ва боздид аз макони ҳодисаи қатлро рад мекунанд. Ба қавли онҳо, ки аз ифшои ному насабашон худдорӣ карданд, кормандони шуъбаи шаҳрии милиса аз ҷойи ҳодиса боздид намуда, кори онҳо дар […]

Рамзия Мирзобекова


Наздикони Имомназар Имомназаров , ки рӯзи 22-юми август кушта шуд, изҳороти вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар бораи имкон надодан ба баргузории тафтиши куштори Имомназаров ва боздид аз макони ҳодисаи қатлро рад мекунанд.

Ба қавли онҳо, ки аз ифшои ному насабашон худдорӣ карданд, кормандони шуъбаи шаҳрии милиса аз ҷойи ҳодиса боздид намуда, кори онҳо дар навори видеоӣ сабт шудааст.

Нусхаи навори видеоии мазкур ба идораи ОИ «Азия-Плюс» пешниҳод гардида, дар он чаҳор нафар кормандони милиса дар ҷойи ҳодисаи қатли Имомназаров машғули коранд.

Дар шарҳи изҳороти вазири мудофиаи Тоҷикистон дар робита ба гӯё латукӯби кормандони милиса, наздикони Имомназаров мегӯянд, пас аз ҳодиса худи онҳо ҳузури коршиносонро талаб кардаанд, вале ба онҳо посух додаанд, ки бинобар сабаби нигаронӣ онҳо наметавонанд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шаванд.

Аз ин рӯ, онҳо кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳрро ба ҷойи ҳодиса даъват кардаанд ва зимни кори онҳо каме дуртар аз манзили Имомназаров автомашинаи сиёҳшишаи тамғаи «Нива» қарор мегирад. Баъди чанд муддат яке аз ҷавонон ба назди автомашина омада, дари онро боз мекунад ва яке аз онҳоро бо сарулибоси низомӣ ба берун мекашад. Афроди боқимондаи дохили автомашина дарҳоро қуфл кардаанд. Ин замон дигарон низ ба назди автомашина омада, онро ба алвонҷдиҳӣ шурӯъ мекунанд. Ҳангоме ки онҳо аз автомашина пиёда мешаванд, чанде бо доду фарёд ба онҳо ҳуҷум мекунанд, аммо ором кардани издиҳом муяссар гардида, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҳифозат ба манзили бародари Имомназаров ҷой дода мешаванд. Баъди чанде онҳоро ба шаҳр интиқол медиҳанд.

«Ин рафтори онҳо ба назар шубҳаовар намуд. Аз ин рӯ, мо онҳоро аз мошин берун оварда, барояшон дастархон оростем ва сипас баргашта рафтанд», – гуфтанд онҳо.

Дар робита ба масъалаи  бинобар сабаби аз комисариати ҳарбӣ рабуда шудани кормандони прокуратура оғоз гардидани амалиёт, онҳо иброз доштанд, ки кормандони прокуратура на қабл аз амалиёт, балки баъди оғози амалиёт рабуда шуданд.

Айни замн сокинони шаҳри Хоруғ ташрифи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро интизорӣ дошта, умедворанд, ки бо омадани ӯ қазияи Хоруғ пурра ҳал хоҳад шуд. Сафари сарвари давлат ба Хоруғ рӯзҳои 17-18-уми сентябр дар назар аст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.