Оқил Оқилов бо ҷараёни сохтмони нақби «Шаҳристон» шинос шуд

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои марҳилаи ниҳоии сохтмони нақби Шаҳристон аз наздик ошно гардида, ҷаласаи ситоди кории сохтмонро доир намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа вазифаҳои ҳарчи зудтар ба истифода додани нақб муқаррар гардида, ба шахсони масъул ҷиҳати суръати бештар бахшидан ба ҷараёни сохтмон ва таъмини […]

Аваз Юлдошев


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои марҳилаи ниҳоии сохтмони нақби Шаҳристон аз наздик ошно гардида, ҷаласаи ситоди кории сохтмонро доир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа вазифаҳои ҳарчи зудтар ба истифода додани нақб муқаррар гардида, ба шахсони масъул ҷиҳати суръати бештар бахшидан ба ҷараёни сохтмон ва таъмини нақб бо таҷҳизоти равшанидиҳанда супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қобили зикр аст, ки феълан дар сохтмони нақби «Шаҳристон» шабонарӯзӣ ҳудуди 700 нафар коргарони маҳалливу чиноӣ фаъолият доранд.

Қаблан бо такя ба суханони муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дода будем, ки мувофиқи нақшаи ҳукумати ҷумҳурӣ, ахири моҳи сентябр бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» баргузор мешавад.

Нақби «Шаҳристон» дар километри 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид.

Арзиши сохтмони нақб тибқи лоиҳа 175 млн. сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори генералии сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.