spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳимоятгар: Кормандони додгоҳи Исфара мӯйсафедро латукӯб карданд


Адвокат Файзинисо Воҳидова изҳор кард, ки кормандони додгоҳи шаҳри Исфара мӯйсафеди 77-соларо, ки ба нишони эътироз ба ҳукми содирнамуда ба рӯйи судя кислота пошида буд, мавриди латукӯб қарор додаанд.

«Дарҳол пас аз ин ҳодиса Зиёваддин Ҷӯраеви 77-сола ва писари ӯ, ки ба назди падар омада буд, аз ҷониби намондагони додгоҳ бераҳмона латукӯб шуда, дар натиҷа қабурғаҳои онҳо шикастанд. Айни замон зерҳимояи ман бидуни кӯмаки тиббии бояду шояд дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Ман ба додситонӣ макуб навиштам, то ки ба Ҷӯраев шароити имкони ташхис дар шифохона ва аксбардории рентгениро фароҳам оваранд. Рӯзҳои наздик ман доир ба ин масъала ба вохӯрӣ бо прокурори генералӣ мушарраф шуданиям», – гуфт адвокат.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми июли соли равон сокини маҳаллӣ Зайнобуддин Ҷӯраев ба кабинети додрас Абдуҳамид Давронов ворид шуда, ба рӯи ӯ кислота пошид, ки бар асари он ҳудуди 30%- рӯй ва дигар узвҳои додрас ҷароҳатҳои сӯхта бардошта, ӯ ба шифохона бистарӣ гардид. Айни замон нисбат ба Ҷӯраев мутобиқи моддаи 356-и КҶ ҶТ (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ ё таҳқиқи  ибтидоӣ ё тафтишоти пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

 З.Ҷӯраев яке аз иштирокчиёни парвандаи ҷиноие будааст, ки баррасии он таҳти раёсати судяи мазкур доир гардидааст. З.Ҷӯраев муддати солҳои зиёдест, ки аз рӯйи масъалаи амволӣ дар суди Исфара баҳс дорад. Соли 2003 суди ноҳияи Исфара оид ба манзили зисти аз падараш боқимонда ба манфиати З.Ҷӯраев ҳукм содир намуд. Вале соли равон яке аз хешовандони Ҷӯраев, ки ӯ низ ба ин амвол ҳақталабӣ дорад, дубора даъво пеш оварда, ин дафъа суд ба манфиати даъвогари нав ҳукм содир кард.

Ба андешаи коршиносон, мӯйсафед бо ин восита эътирози худро ба беадолатии низоми судӣ баён кард.

Дар ҳамин ҳол, додрас Абдуҳамид Давронов бо хоҳиши худ аз мансаб сабукдӯш гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати додрасҳои Дастгоҳи Шӯрои адлияи ҶТ Абдухалил Раҷабов хабар дод, Давронов барои аз кор озод шудан бо хоҳиши худ ариза навишта, 13-уми август дар хусуси аз вазифа озод кардани ӯ фармони президент содир гардид.

«Феълан мо маълумоте дар даст дорем, ки тибқи он вазъи саломатии Давронов муътадил аст. Бар асари ин ҳодиса ӯ ҷароҳатҳои сӯхтаи шадид гирифта, вале аз чашмаш маҳрум нагардидааст. Қаблан чанде аз ВАО хабар дода буданд, ки ӯ аз як чашмаш маҳрум шудааст», – изҳор кард Раҷабов.

Ба гуфтаи ӯ, ба вазифаи додраси шаҳри Исфара Комилҷон Ғаниев таъин шуд. Ӯ мутахассиси ҷавон буда, дар Шӯрои адлия аз ҳисоби додрасҳо-коромӯзон омода шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...