«Бозори Қарияи Боло» ба субъекти хоҷагии дигар мегузарад

Date:


Қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба  Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳамроҳ намудани Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Қарияи боло» ба имзо расид, ки мутобиқи он тамоми амволи бозор ба тавозуни ин корхона мегузарад.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин тасмим бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити мусоид, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии шаҳр бо молу мавод ва пешгирии болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия ба тасвиб расидааст.

Ба иттилои манбаъ, барои иҷрои қарори мазкур комиссия таъсис дода шуда, он дар мӯҳлати ду ҳафта тибқи санади дахлдор қабулу супоридани иншоотро тартиб ва барои тасдиқ ба раиси шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...