Душанбе. 11-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон аз ҷиҳати нишондиҳандаи афзоиши рақобатпазирӣ миёни 134 кишвари дунё мақоми 116-умро ишғол кард. Дар ин бора дар гузориши ҳамасолаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (
WEF
) «Дар бораи рақобатпазирии сартосарии кишварҳо» хабар дода шудааст. Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Тоҷикистон дар мақоми 117-ум қарор дошт.
Дар ин рейтинг кишварҳои ҳамсояи мо Қирғизистон дар мақоми 122, Қазоқистон – 66, Чин – 30 ва Покистон дар мақоми 101-ум ҷойгир шудаанд. Оид ба нишондиҳандаи афзоиши рақобатпазирии кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон маълумоте оварда нашудааст.
Миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Русия дар мақоми 51-ум қарор дорад, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин аст. Қобили зикр аст, ки зимни таҳияи гузориши
WEF
коршиносон омилҳоеро аз қабили вазъ ва рушди зерсохтори иқтисодӣ, суботи макроиқтисодӣ, вазъи соҳаи тандурустиву маориф, ҷорисозии навгониҳо дар иқтисод, самаранокии бозори молиявӣ ва ғайраро мавриди таҳлил қарор медиҳанд.






