Зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 67-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор кард, ки ба сабаби дар минтақаи Осиёи Марказӣ набудани ҳамдигарфаҳмиву ҳамкории лозима ва инкор намудани манфиатҳои қонуниву ҳаётии Тоҷикистон, кишвар дар давоми беш аз даҳ соли ахир дар шароити камбуди шадиди нерӯи барқ дар мавсими сармо ба сар мебарад.
Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин зикр кард, ки ба сабаби надоштани манбаъҳои дигари энергетикӣ, барои Тоҷикистон, ки дорои зарфиятҳои азими нирӯи барқи обӣ мебошад, рушди пайдарпай ва ҳамаҷонибаи ин соҳа ҳаётан зарурӣ аст. «Тоҷикистон, мувофиқи санадҳои байналмилалӣ, ҳаққи комил дорад, ки захираҳои табиии худ, аз ҷумла нирӯи барқро ба манфиати мардуми худ истифода барад, – гуфт ӯ. – Ҳамзамон лозим медонем, аз ин минбари баланд бо тамоми масъулият изҳор намоем, ки Тоҷикистон зимни истифода аз зарфиятҳои гидроэнергетикии худ нияти пайгирӣ намудани танҳо манфиатҳои худ ба зиёни тараферо надорад. Баръакс, мо ҷонибдори самимии ҳамкории мутақобилан судманди минтақавӣ ҳастем. Ҳамкории фаъолонаи Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди арзёбии фанниву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии лоиҳаи нирӯгоҳи барқи обии Роғун, ки барои кишвари мо аҳамияти ҳаётӣ дорад, нишондиҳандаи мавқеи созандаи мост».
Ҳ.Зарифӣ таъкид кард, ки тарафҳои манфиатдор дар минтақа дар робита ба лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз изҳороту иқдомоти шитобкоронаву носанҷида, ки хилофи созишномаҳои байналмилалӣ буда, бо руҳи дӯстиву ҳамкорӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ созгор нестанд, худдорӣ менамоянд.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов изҳор дошт, ки тамоми масоили мушкилоти обиву энергетики минтақа бояд мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байнулмилалӣ баррасӣ шаванд. «Захоири обии маҳдуди минтақа дар навбати аввал бояд барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва сипас баҳри ниёзи саноату энергетика истифода гарданд», – таъкид кардааст ӯ.


