Чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов аз Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздид намуда, дастур дод, то дар кӯтоҳтарин фурсат беҳтарин сагҳои хизматиро аз Маркази кинологии ВКД дастрас намуда, дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ, ба хусус дар пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва шахсони дар кофтуков қарор дошта истифода намоянд.
Тавре аз маркзи матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Р.Раҳимов ҳамчунин дар маросими ба истифода додани бинои нави Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ширкат варзид. Аз ин ба баъд дар ин шуъба бахши тозабунёди кинологӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.
Зимни суханронӣ дар маросими мазкур вазири корҳои дохилӣ махсус қайд кард, ки ин ҳама дастоварду пешравиҳо самараи истиқлоли кишвари азизамон буда, ҳар як корманд дар баробари ин ҳама ғамхориву дастгирӣ бояд аз худ маҳорати баланди касбӣ ва садоқату масъулияти ҷиддӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳифзи марзу буми Ватани азизамон нишон диҳад.