Тоҷикистон кӯшишҳои сиёҳсозии Исломро маҳкум мекунад

Зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 67-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз афзоиши кӯшишҳои сиёҳсозии дини Ислом дар саросари ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуд. «Тоҷикистон тарафдори эҳтироми гуногунии фарҳангиву динӣ ва гуфтугӯи байни тамаддунҳо барои таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмии ҷаҳонӣ мебошад. Ба ин муносибат, мо бисёр нигаронем, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам, […]

ASIA-Plus


Зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 67-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз афзоиши кӯшишҳои сиёҳсозии дини Ислом дар саросари ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуд.

«Тоҷикистон тарафдори эҳтироми гуногунии фарҳангиву динӣ ва гуфтугӯи байни тамаддунҳо барои таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмии ҷаҳонӣ мебошад. Ба ин муносибат, мо бисёр нигаронем, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам, бо суистифода аз озодии баён, кӯшишҳои таҳқир намудани динҳо, хусусан дини мубини Ислом, ба мушоҳида мерасанд. Мо ин раванди номатлубро қотеона маҳкум менамоем», – гуфт ӯ.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳодисаҳои охирини олам бори дигар нишон доданд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои ҷаҳониву минтақавӣ бе таҳкими нақши марказии СММ дар масъалаҳои байналмилалӣ ва бе таҳкими усули дастҷамъӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ дар асоси риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ имконпазир нест. «Бино бар ин, зарурати ислоҳоти оқилонаи Созмон равшан мегардад. Ислоҳоте, ки дар натиҷаи он Созмони Милали Муттаҳид тавонад, ба рӯйдодҳои ҷаҳон зуду шоиста вокуниш кунад ва бо таҳдидҳои сершумори ҷаҳони имрӯз ба таври муассир муқовимат намояд», – иброз дошт ӯ.

Ҳ.Зарифӣ ҳамчунин қайд кард, ки кӯшишҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳадаф аз онҳо таҳким намудани фаъолияти сулҳпарварона аст, сазовори пуштибонии ҳамаҷониба мебошанд. «Дар ин замина, боиси қаноати мост, ки Тоҷикистон дар амалиёти посдори сулҳи СММ иштирок намуда, дар ин соҳа саҳми назаррас гузошта истодааст», – баён кард Ҳ.Зарифӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.