Ҳафтаи забону адабиёти рус дар се шаҳри ҷумҳурӣ

Дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҳафтаи збону адабиёти рус баргузор шуд. Чорабинӣ дар доираи барномаи федералии ҳадафноки «Забони русӣ дар солҳои 2011-2015» аз ҷониби факултаи такмили ихтисоси омӯзгорони забони русии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар ҳамдастӣ бо намояндагии Ҳамкории Русия дар ҶТ созмон дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Ҳамкории Русия дар […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҳафтаи збону адабиёти рус баргузор шуд. Чорабинӣ дар доираи барномаи федералии ҳадафноки «Забони русӣ дар солҳои 2011-2015» аз ҷониби факултаи такмили ихтисоси омӯзгорони забони русии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар ҳамдастӣ бо намояндагии Ҳамкории Русия дар ҶТ созмон дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, дар давоми ҳафтаи забону адабиёти рус намоишгоҳҳои мултимедиавии нашрияҳо, муаррифиномаҳо, машғулиятҳо тавассути таълими инноватсионӣ ва шомҳои эҷодӣ доир гардиданд.

«Дар вохӯриҳо тамоили рушди методикаи таълими забон русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар шароити имрӯз, воситаҳои ҳавасмандсозии омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ба сифати омили муҳими муоширати байнулмилалӣ ва асоси рушди равандҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои ИДМ баррасӣ шуданд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур ҳамчунин намоишгоҳи адабиёти таълимӣ-методӣ ва дарсӣ созмон дода шуд, ки дар он беш аз 150 нашрияи чопиву электронӣ барои омӯзгорон пешкаш гардид. «Дар ин намоишгоҳ луғатҳои электронӣ барои кӯдакон, бозиҳои компютерӣ барои омӯзиши забон, викторинаҳо, китобҳои дарсии электронӣ ва ғайра пешниҳод шуданд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар мактабҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд 200 нафар омӯзгорони забони русӣ аз Русия дарс мегӯянд. Онҳо тибқи қарордоди Вазоратҳои маорифи Тоҷикистону Русия бо назардошти норасоии шадиди кадрҳо дар ин минтақа фиристода шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст