Мусодираи беш аз 160 кило маводи мухаддир дар ҷануби ҷумҳурӣ

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари роҳандозии силсилаамалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи баргузории амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2012» дар ноҳияҳои наздимарзии Шӯрообод ва Қумсангири вилояти Хатлон аз  гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ бештар 102 кило каннабис ва 58 кило ҳашиш мусодира намуданд. Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, маводҳои пайдошуда дар дохили халтаҳо ҷобаҷо карда […]


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари роҳандозии силсилаамалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи баргузории амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2012» дар ноҳияҳои наздимарзии Шӯрообод ва Қумсангири вилояти Хатлон аз  гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ бештар 102 кило каннабис ва 58 кило ҳашиш мусодира намуданд.

Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, маводҳои пайдошуда дар дохили халтаҳо ҷобаҷо карда шуда буданд ва шаклу намуди зоҳирии гуногун доштанд. «Масалан, дар шакли пресскардашуда ва тахтамонанди қаҳваранг, ҳамчунин бастаҳои дорои моддаҳои чубчамонанди рангашон кабуди торик бо бӯи махсус», – гуфтанд дар АНМН. 

Ба иттилои манбаъ, лабораторияи ташхиси судии Агентӣ бештар аз 160 кило ҳашиш ва каннабис будани маводи мусодирашударо тайид кард.

Зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои шиносоӣ ва боздошти шахсони алоқаманд ба ин амали ҷиноӣ тадбирҳо андешида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.