Ҳалокати 5 нафар дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Хатлон 5 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар назди деҳаи Гулистони ноҳияи Румӣ ронандаи автомашинаи боркаши «КАМАЗ» Холдор Худойбердиеви 22-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи сабукрави тамғаи «Дэу-Ланос» таҳти идораи Искандар Мусофирови 67-сола бармехӯрад. Дар натиҷаи бархӯрд ронандаи автомашинаи «Ланос» […]


Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Хатлон 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар назди деҳаи Гулистони ноҳияи Румӣ ронандаи автомашинаи боркаши «КАМАЗ» Холдор Худойбердиеви 22-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи сабукрави тамғаи «Дэу-Ланос» таҳти идораи Искандар Мусофирови 67-сола бармехӯрад.

Дар натиҷаи бархӯрд ронандаи автомашинаи «Ланос» ва чор нафар мусофирони он – Ҳоким Назарови 46-сола, Ҷаркиной Дониёроваи 51-сола, Мадина Файзоваи 4-сола ва Зиёратшо Ғаниев 27-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Боз як мусофири ин автомашина Мастура Файзоваи 28-сола ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.