Мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии 14-уми Ҳайати мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба кор оғоз мекунад. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, барои омодасозии ҳуҷҷатҳои ҷаласа як гурӯҳи коршиносони Вазорати корҳои дохилии Русия чанде қабл ба Душанбе омада, имрӯз ҳайати асосии Вазорати корҳои дохилии Русия таҳти сарварии вазири […]


Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии 14-уми Ҳайати мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба кор оғоз мекунад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, барои омодасозии ҳуҷҷатҳои ҷаласа як гурӯҳи коршиносони Вазорати корҳои дохилии Русия чанде қабл ба Душанбе омада, имрӯз ҳайати асосии Вазорати корҳои дохилии Русия таҳти сарварии вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-лейтенанти политсия Колокольцев Владимир Александрович ба Душанбе меоянд.

Дар ҷаласаи Ҳайати мушовара масоили ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла экстремизм ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ва иттиҳодияҳое, ки робитаҳои трансмиллӣ доранд, мавриди муҳокима қарор дода хоҳанд шуд.

Инчунин, дар рафти ҷаласа лоиҳаи Нақшаи кории Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои соли 2013 баррасӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия ҳар сол, аз соли 1998 инҷониб бонавбат дар қаламрави давлатҳои якдигар баргузор мегардад.     

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.