Нахустин ҳукми эътирофи бегуноҳӣ дар Суғд тӯли чанд соли ахир

Тайи чанд соли ахир бори нахуст дар вилояти Суғд ҳукми эътирофи бегуноҳӣ содир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, бегуноҳии соҳибкор Амон Абдуллоев эътироф шудааст. Соли 2010 нисбат ба ӯ мутобиқи моддаҳои 245, қ. 4 (Азхудкунӣ ё камомад) ва 323 (Сохтакории хизматӣ) ва ҳамчунин барои дуздии амволи КВД «Заря Востока»-и шаҳри […]


Тайи чанд соли ахир бори нахуст дар вилояти Суғд ҳукми эътирофи бегуноҳӣ содир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, бегуноҳии соҳибкор Амон Абдуллоев эътироф шудааст. Соли 2010 нисбат ба ӯ мутобиқи моддаҳои 245, қ. 4 (Азхудкунӣ ё камомад) ва 323 (Сохтакории хизматӣ) ва ҳамчунин барои дуздии амволи КВД «Заря Востока»-и шаҳри Табошар (феълан ш. Истиқлол) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Суди шаҳри Табошар Абдуллоев ва боз се нафар кормандони корхонаи «Заря Востока»-ро дар азхудкунии амволи корхона ба маблағи 3 ҳазору 800 сомонӣ гунаҳкор дониста, бо истифода аз қонунии афв аз ҷазо озод намуд.

Ба гуфтаи Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари Абдуллоев, моҳи июли соли равон суди ноҳияи Ҷаббор Расулов бинобар сабаби дар амалҳои айбдоршаванда ҷой надоштани аломатҳои ҷиноӣ Абдуллоевро бегуноҳ эътироф намуд. Прокурори ноҳияи мазкур ба ин ҳукм эътироз овард, аммо бо таъиноти ҳайати мушовараи кассатсионии суди вилояти Суғд ҳукми бегуноҳӣ бетағйир гузошта шуд. «Тайи 6-7 соли ахир ин нахустини ҳукми эътирофи беганоҳӣ дар вилоят мебошад», – гуфт ӯ.

Ба гуфти номбурда, солҳои 90-ум Абдуллоев бо харҷи якчанд миллион сомонӣ аз ҳисоби шахсии худ як пуле дар болои Сирдарё бунёд карда, айбдоркунии ӯ барои дуздии 3 ҳазору 800 сомонӣ бемантиқ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.