Кӯмаки Хадамоти муҳоҷират дар пардохти қарз ба муҳоҷирон

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ба муҳоҷирони корӣ дар дарёфти маблағи пулии корашон кӯмак расонид. Бино ба маълумоти намояндагии мазкур, моҳи октябри соли равон кормандони намояндагӣ дар пардохти қарзи 120 нафар коргарони совхози ҶСК «Кузмичи»-и вилояти Волгоград, ки аксарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил мекарданд, ёрӣ расонидаанд. Бо ҷалби ҳимоягарони соҳибтаҷриба даъвои судӣ барои […]


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ба муҳоҷирони корӣ дар дарёфти маблағи пулии корашон кӯмак расонид.

Бино ба маълумоти намояндагии мазкур, моҳи октябри соли равон кормандони намояндагӣ дар пардохти қарзи 120 нафар коргарони совхози ҶСК «Кузмичи»-и вилояти Волгоград, ки аксарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил мекарданд, ёрӣ расонидаанд.

Бо ҷалби ҳимоягарони соҳибтаҷриба даъвои судӣ барои пардохти қарз аз музди меҳнати ҶСК «Кузмичи» дар назди коргарон ба маблағи 7302000 (ҳафт миллиону сесаду ду ҳазор) рубл қонеъ гардида, айни замон ба коргарон музди меҳнат пардохта мешавад.

Ба иттилои манбаъ, бо мусоидати намояндагӣ ҳамчунин 15 нафар муҳоҷирони кории тоҷик дар корхонаҳои сохмонии шаҳри Екатеринбург бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидаанд. «Дар ин корхонаҳо барои муҳоҷирон шароити хуби зист фароҳам оварда шуда, муздли миёнаи меҳнаташон аз 20 то 30 ҳазор рублро ташкил медиҳад», – гуфт манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.