БМТ: Эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо дар ҳоли афзоиш аст

Бонки миллии Тоҷикистон нуқтаи назар оид ба он тоҷирону сарватмандоне, ки сармояи худро аксаран дар шакли нақдӣ нигоҳ дошта, бо бонкҳо муомилот намекунанд ва танҳо барои хариди молу мулк истифода мебаранд, инкор намуда, зикр мекунад, ки имрӯзҳо дилхоҳ амалиёти тиҷоратӣ тавассути суратҳисобҳои бонкҳои ватанӣ мегузаранд, зеро эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявӣ-бонкии кишвар сол аз сол […]


Бонки миллии Тоҷикистон нуқтаи назар оид ба он тоҷирону сарватмандоне, ки сармояи худро аксаран дар шакли нақдӣ нигоҳ дошта, бо бонкҳо муомилот намекунанд ва танҳо барои хариди молу мулк истифода мебаранд, инкор намуда, зикр мекунад, ки имрӯзҳо дилхоҳ амалиёти тиҷоратӣ тавассути суратҳисобҳои бонкҳои ватанӣ мегузаранд, зеро эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявӣ-бонкии кишвар сол аз сол зиёд гашта истодааст.

Дар БМТ таъкид мекунанд, ки солҳои охир пайваста ва мунтазам ислоҳотҳо дар низоми бонкӣ ва тақвияти сиёсати пулию қарзии давлат гузаронида мешаванд, ки ин ҳама барои боло бардоштани боварии аҳолӣ равона карда шудаанд.

Тӯли солҳои охир афзоиши назарраси ҳаҷми пасандозҳо ва сармояи ташкилотҳои қарзӣ ба назар мерасад, ки рушди солонаи он ба ҳисоби миёна дар се соли охир мувофиқан 32,1 ва 22,2 фоизро ташкил дода, аз 2,6 млрд. ва 1,2 млрд. сомонӣ то 4,4 млрд. ва 1,9 млрд. сомонӣ зиёд шудааст.

 «Тамоили мазкур воқеан, аз болоравии эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар гувоҳӣ дода, барои вусъат ёфтани ҷараёни маблағгузории қарзӣ, таҳкимёбии низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд», – омадааст дар иттилои БМТ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.