Донишҷӯйи Донишгоҳи тиббӣ аз ошёнаи чоруми хобгоҳ ба замин афтид

Донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ошёнаи чоруми хобгоҳ ба замин афтид. Донишҷӯдухтар ба Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, табибон вазъи ӯро хеле вазнин арзёбӣ мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Шодмон Аҳмедов хабар дод, ҳодисаи мазкур субҳи рӯзи 8-уми октябр рух дода, тибқи гуфтаҳои […]

Маҳпора Каримова


Донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ошёнаи чоруми хобгоҳ ба замин афтид.

Донишҷӯдухтар ба Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, табибон вазъи ӯро хеле вазнин арзёбӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Шодмон Аҳмедов хабар дод, ҳодисаи мазкур субҳи рӯзи 8-уми октябр рух дода, тибқи гуфтаҳои ҳамдарсон, ин замон онҳо онҷо ҳузур надоштаанд.

Бо такя ба гуфтаҳои ҳамдарсони донишҷӯдухтар, ки баҳри таҳсил аз ноҳияи Восеъ ба пойтахт омадааст, Ш.Аҳмедов мегӯяд, субҳ ӯ ҳамроҳи ҳама ба дарс раҳсипор гардида, сипас дафтарҳои фаромӯшшударо ба хотир меорад ва ба хобгоҳ бармегардад. «Ҳамдарсонаш ҳамчунин изҳор карданд, ки чанд рӯзи ахир духтар ба дарди зуком гирифтор буд ва шояд барои нафаси тоза гирифтан тирезаро кушода, сараш чарх задаст ва аз тиреза ба берун афтодааст», – гуфт ӯ.

Дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Сино, ки ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст, иттилоъ доданд, ки айни замон тамоми ҷузъиёти ҳодисаи рухдода мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор доранд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷасади раиси шӯрои маҳаллаи як деҳаро дар Суғд “аз саҳро” пайдо кардаанд

Сокинони деҳаи Метки ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич мегӯянд, ҷасади Охун Раҷабови 65-сола, раиси шӯрои маҳаллаи ин деҳа аз саҳро ёфта шудааст. Мақомот тафтиши ин...

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.