«Тоҷиктрансгаз» ният дорад, ки моҳи ноябр гуфтушунидҳо бо ширкати «Ӯзбектрансгаз» оид ба интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ дар соли 2013-ро оғоз намояд.
Тавре аз ширкати «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, феълан дар мавриди интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя мушкилоте ҷой надошта, масоили мавриди ихтилофи тарафайн оид ба интиқоли газ дар соли равон ҳанӯз моҳи апрел ҳал гардида буданд.
«Мувофиқи қарордод, соли 2012 мо аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намоем, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад», – изҳор карданд дар ширкат.
Ба иттилои манбаъ, истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ба шумор рафта, нархи 1 ҳазор метри мукааби газ барои онҳо дар соли равон 380 $ муқаррар шудааст.
«Имрӯз бо гази табиӣ танҳо як қисмате аз аҳолии пойтахт таъмин буда, зиёда аз 90%-и аҳолии кишвар бинобар сабаби гарон будани гази табиӣ аз он истифода намекунанд», – афзуданд дар ширкат.


