Прокуратура: «Корвон»-ро барқасдона оташ задаанд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба далели сӯхтор дар бозори фурӯши яклухти «Корвон», ки 5-уми сентябри соли равон ба вуқӯъ пайваст, парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази иттилоотии Прокуратураи генралии ҶТ, парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаҳои 192 қ. 3 (Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор), 322 қ. 2 (Хунукназарӣ) ва 309 […]


Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба далели сӯхтор дар бозори фурӯши яклухти «Корвон», ки 5-уми сентябри соли равон ба вуқӯъ пайваст, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази иттилоотии Прокуратураи генралии ҶТ, парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаҳои 192 қ. 3 (Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор), 322 қ. 2 (Хунукназарӣ) ва 309 қ. 1 (Тахрибкорӣ)-и КҶ Тоҷикистон боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Сарраёсати оташнишонии ВКД Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки мувофиқи натоиҷи ташхис, бозор аз ҷониби афроди алҳол барои тафтишот номаълум бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ (солярка) оташ зада шудааст.

«Ташхис имкони аз расиши ноқилҳои барқӣ ё таркиши таҷҳизоти газӣ сар задани сӯхторро истисно мекунад», – таъкид доштанд дар хадамоти оташнишонӣ.

Дар иттилои Прокуратураи генералӣ зикр мегардад, ки айни замон тафтишоти пешакӣ оид ба ин парванда идома дошта, ҷиҳати муайян кардани шахсони ба ин амал дастдошта тадбирҳо андешида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки шоми 5-уми сентябр дар бозори фурӯши яклухти «Корвон» сӯхтор сар зада, он майдони беш аз 8 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари сӯхтор 1 нафар ҳалок ва чор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Оташ 2 ҳазору 550 фурӯшгоҳҳоро нобуд сохта, ба соҳибкорон зарари ниҳоят зиёди моддӣ расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» соҳибмулки бозори «Корвон» Нуршед Машрабов хабар дод, имрӯз бозори фурӯши яклухт пурра барқарор гардида, комиссияи давлатӣ онро қабул кардааст ва шурӯъ аз дирӯз чанде аз соҳибкорон ба фаъолият дар он пардохтаанд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.