Пешниҳоди баргузории Ҳамоиши энергетикии МҲО дар Душанбе

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои «Муколамаи ҳамкории Осиё» аз Озарбойҷон ба Давлати Кувайт рафт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, […]


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои «Муколамаи ҳамкории Осиё» аз Озарбойҷон ба Давлати Кувайт рафт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар нишасте, ки имрӯз ба итмом мерасад, сарони кишварҳои узви Муколама оид ба ҳалли мушкилоти таъмини амнияти ғизоӣ, дастрасӣ ба энергия, маориф, муколамаи фарҳангӣ, ҳамгиройии иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои молияву коммуникатсия ва дигар масоил табодули назар хоҳанд кард.

Зимни суханронӣ аз минбари нишаст президенти Тоҷикистон аз кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё даъват ба амал овард, ки ҳаҷми кӯмакҳои техникиву молиявиро ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта биафзоянд.

«Муътақид бар он ҳастем, ки ҳамкориҳои кишварҳоямон дар чаҳорчӯбаи Муколамаи Осиё бояд хислати амалию фаъол касб намуда, дар шароити мушкилоти глобалии молиявӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои муқарраршуда ва иҷрои 20 барномаи эъломшуда дар арсаҳои энергетика ва амнияти энергетикӣ, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ, рушди соҳибкорӣ, тавсеаи гуфтугӯи байнифарҳангӣ ва ташаккули бозори захиравии қитъаи мо тақвият дода шавад», – зикр кард сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар мавриди коҳиши партовҳои зараровар сарвари давлати Тоҷикистон ба ҳозирин хотирнишон намуд, ки Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми ин партовҳо дар Осиёи Марказӣ ҷои поинтаринро соҳиб буда, дар байни зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон дар робита ба ҳаҷми партовҳои дуокиси карбон ҷои 150-умро ишғол мекунад, ки ин, пеш аз ҳама, ба истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, ки тавассути онҳо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мешавад, вобаста аст.

«Имрӯз Тоҷикистон дар амал ҷиҳати беҳтар намудани иқлим, ки бе он таъмини рушди устувори кишварҳо номумкин аст, саҳми муносиб мегирад. Омили асосӣ дар ин ҷода ба он иртибот дорад, ки 98 фисади барқ дар кишвари мо дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол шуда, гидроэнергетика яке аз афзалиятҳои калидии рушди устувор маҳсуб меёбад.

Дар айни замон Тоҷикистон дорои иқтидори потенсиалии бузурги гидроэнергетикӣ, яъне 527 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ дар як сол буда, мутаассифона, танҳо ҳамагӣ 3-4 фоизи он азхуд шудаасту халос. Ин иқтидор аз эҳтиёҷоти кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ се маротиба зиёд мебошад ва азхудкунии минбаъдаи он ба кам гардидани партови миллиардҳо тонна гази ангидриди карбон ба ҳаво ва сарфаи ҷиддии захираҳои нафт, газ ва ангишт мусоидат хоҳад кард», – изҳор кард Эмомалӣ Раҳмон

Бо дарназардошти Раёсати ояндаи Тоҷикистон дар Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки ҷаласаи навбатии Ҳамоиши (Форуми) энергетикии кишварҳои иштирокдор баҳри таъмиқу густариши ҳамкориҳо дар ин соҳа дар шаҳри Душанбе доир карда шавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.