Мусодираи беш аз 71 кило маводи мухаддир тӯли як шабонарӯз

Дар натиҷаи ду амалиёти муваффақонаи кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки тӯли як шабонарӯз беш аз 71 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни баргузории амалиёти махсус дар қаламрави ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонуниии маводи мухаддир сокини маҳаллӣ Сулаймон […]


Дар натиҷаи ду амалиёти муваффақонаи кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки тӯли як шабонарӯз беш аз 71 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни баргузории амалиёти махсус дар қаламрави ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонуниии маводи мухаддир сокини маҳаллӣ Сулаймон Талабови 25-сола боздошт шуд.

«Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда 1 килою 852 грамм маводи нашъадори «ҳашиш», 23 килою 404 грамм маводи нашъадори «афюн», 41 килою 390 грамм маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар ВКД,

Ба иттилои манбаъ, амалиёти дуюм дар қаламрави шаҳри Кӯлоб доир гардида, дар инҷо ба гумони машғул будан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини 41-солаи шаҳр Нуралӣ Акобиров боздошт ва ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 1-адад селофани дорои 4 килою 598 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шудаст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.