Тақозои эътирофи бегуноҳии собиқ нозири минтақавии Ёвон

Ҳимоятгарони собиқ нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраб Алиев, ки барои истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ба 7 соли зиндон маҳкум гардид, шикояти кассатсионии худро аз суди вилояти Хатлон бозпас гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Умед Ниёзов хабар дод, санаи 17-уми октябр бояд шикояти кассатсионии ҳимоятгари маҳкумшуда баррасӣ мешуд, вале бинобар бозпас гирифтани […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Ҳимоятгарони собиқ нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраб Алиев, ки барои истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ба 7 соли зиндон маҳкум гардид, шикояти кассатсионии худро аз суди вилояти Хатлон бозпас гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Умед Ниёзов хабар дод, санаи 17-уми октябр бояд шикояти кассатсионии ҳимоятгари маҳкумшуда баррасӣ мешуд, вале бинобар бозпас гирифтани он, ҷаласа баргузор нагардид.

Ҳимоятгари собиқ нозири минтақавӣ Бедилхон Одинаев ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор кард, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ баъзе ваколатҳои суди вилояти Хатлонро маҳдуд месозад ва аз ин рӯ, онҳо тасмим гирифтаанд, ки шикоятро ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол намоянд.

«Ман ҳамчун ҳуқуқшиноси варзида дар амалҳои зерҳимояам аломатҳои содир намудани ҷиноятро намебинам ва бинобар он, дар шикоят дархост кардам, ки бегуноҳии Машраф Алиев эътироф гардида, ӯ аз ҳабс озод карда шавад», – гуфт номбурда.

Cобиқ нозири минтақавии милисаи ШВКД дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Машраб Алиев барои суистеъмол аз мансаб ва истифодаи шиканҷа нисбати писари ноболиғ гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 7 соли зиндон маҳкум гардид.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29-уми апрели соли равон сокини деҳаи Қулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон Хушвақти Маҳмадсаидро дар манзили зисташ ба дор овехта дарёфт карданд. Наздикону хешовандонаш ӯро аз дор берун оварда, ба бемористон оварданд.

Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки чанде қабл аз ин ҳодиса милисаи минтақавӣ Хушвақтро ба ҳуҷраи кориаш даъват ва ӯро ба дуздӣ муттаҳам карда, бо таҳқиру лату кӯб маҷбур кардаст, ки гуноҳро ба гардан бигирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.