Филми коргардони афғон ба шоҳҷоизаи ҷашнвораи «Дидор» соҳиб шуд

Дата:


Дар маросими пуршукуҳи ҷамъбасти Ҷашнвораи панҷуми байнулмилалии филмҳои «Дидор», ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор гардид, филми коргардони афғон Артиқ Раҳимӣ «Санги сабур» ба шоҳҷоизаи ҷашнвора сазовор дониста шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ҷашнвора, филми дигари афғонӣ бо номи «Насима» низ барандаи Ҷоизаи «Тамошобин» гардида, он аз ҷониби коргардони ҷавон Саҳро Каримӣ таҳия шудааст.

Дар ҷашнвораи мазкур филми мазҳакавии «Чарх», ки аз ҷониби синамогарони тоҷик таҳия шудааст, ба Ҷоизаи «Тамошобин» дар шаҳри Қӯрғонтеппа сазовор дониста шуд.

Дар ин ҷашнвора 21 филми коргардонҳо аз 24 кишвари Аврупову ба маърази тамошо гузошта шуд.

 Ҷашнвора бо дастгирии Бунёди «Сорос» ва Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, меҳмонхонаи «Серена» ва ширкати «МегаФон» созмон дода шуд. Ҷашнвораи шашуми байнулмилалии филмҳои «Дидор» соли 2014 дар Душанбе баргузор мегардад.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное