Хуҷанд: Ҷаласаи судии нахустин оид ба парвандаи «Ампаро»

Дата:


Дар суди шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд Сафаралӣ Қурбонов ҷаласаи нахустин оид ба баррасии даъвои Раёсати адлияи вилояти Суғд нисбат ба Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» баргузор шуд.

АҲҶ «Ампаро»-ро дар суд ҳимоятгар Ҷунайд Ибодов намоянлдагӣ мекард. Ӯ аз судя иштироки журналистон дар мурофиаи мазкур ва сабти аудио ва видеоии онро дархост намуд, аммо даъвогар танҳо ба иштироки журналистон дар толори суд розӣ шуд.

Намояндаи даъвогар, мутахассиси Вазорати адлия Қурбоналӣ Бобоев қайд кард, ки «Ампаро» нисбати панҷ банди Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба қонуншиканӣ роҳ додааст, аммо ҳимоятгар бар ин назар аст, ки даъво нисбат ба АҲҶ «Ампаро» фармоишӣ аст.

«Кӣ дар паси он қарор дорад, маълум нест. Хоҳиши аз байн бурдани «Ампаро» яқинан ба фаъолияти густардаи он дар бахши ҳимояи ҳуқуқи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ марбут мебошад», – иброз дошт Ибодов.

Пас аз танаффуси нимсоата намояндагони ҷониби ҷавобгар – кормандони АҲҶ «Ампаро» Хуршеда Раҳимова ва Дилафрӯз Самадова пурсида шуданд, ки рӯзи баргузории санҷиши Раёсати адлия дар дафтари кории ташкилот ҳузур доштанд.

Ёдрас мекунем, ки 29-уми июни соли равон Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷиҳати барҳам додани Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро», ки ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машғул аст, бо аризаи даъвогӣ ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард.

Эътирози Раёсати адлия ба «Ампаро» аз риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз ҷониби сарвари созмон, бидуни қарори дахлдор тағйир додани суроғаи ҳуқуқӣ, аз қайди дубора нагузаштани созмон дар Раёсати адлия, ифтитоҳи сомонаи интернетии созмон бар хилофи Оиннома ва бидуни иҷозатнома ташкил кардани дарсҳо оид ба мавзӯи «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ» дар синфҳои 9-11-и макотиби таҳсилоти умумии ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров иборат аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси «Ампаро» Дилрабо Самадова дар робита ба ин масъала мегӯяд, Раёсати адлия мушаххасан амали ғайриқонунии роҳбари созмонро нисбати қонуншикании марбут ба Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» зикр накардааст ва ҳамчунин гузаштани қайди дубора дар Раёсати адлия ҳангоми тағйири суроғаи воқеӣ дар қонун пешбинӣ нашудааст.

Дар робита ба ифтитоҳи сомонаи созмон дар шабакаи Интернет номбурда гуфт, маҷлиси умумии созмон дар ин бора қарор қабул карда, сомона аз провайдер хостинг дастрас намуд. «Дар Оинномаи «Ампаро» гуфта мешавад, ки созмон ба паҳн кардани маълумот дар бораи фаъолияти худ ҳуқуқ дошта, дар қонунгузорӣ барои ифтитоҳи сомона гирифтани иҷозатнома пешбинӣ нагардидааст», – гуфт вай.

Дар шарҳи масъалаи баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ дар макотиби таҳсилоти умумӣ Самадова изҳор кард, ки «Ампаро» дар доираи фаъолияти худ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифтанокии ҳуқуқии даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам вохӯриҳои дусоата мегузаронад, ки онҳо дар шакли суолу посух сурат мегиранд. «Ин вохӯриҳо бо розигии хаттӣ ва дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва Вазорати маориф доир гардида, реҷаи баргузории чорабиниҳо, макон ва шумори иштирокчиён аз ҷониби ҷамоатҳо пешниҳод шуда буданд. Дар ин вохӯриҳо ба иштирокчиён гувоҳнома дода намешавад», – таъкид кард раиси ассотсиатсия.

Дар идома Дилрабо Самадова изҳор кард, ки ахиран як зумра аз намояндагони мақомоти давлатӣ бо ҳар роҳу воситае мекӯшанд, то ба фаъолияти созмони ҳуқуқии ҷавонон монеа эҷод созанд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное