Натиҷаи ташхис: Икромзода аз худкушӣ ҳалок шудааст

Натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» наздикони Ҳ.Икромзода хабар доданд, онҳо бо натиҷаи ташхиси мазкур қаонатманд набуда, […]

Наргис Ҳамробоева


Натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд.


Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» наздикони Ҳ.Икромзода хабар доданд, онҳо бо натиҷаи ташхиси мазкур қаонатманд набуда, аз Прокуратураи генералӣ баргузор намудани ташхиси такрориро талаб хоҳанд кард.

Ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова аз ҳама гуна шарҳи ин масъала худдорӣ варзида, таъкид намуд, ки дар давоми баргузории тафтишот прокуратура аз ӯ дар бораи ифшо накардани хулосаи коршиносони ташхиси судиву тиббӣ забонхат гирифтааст.

Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли равон дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.

Прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ аз рӯи далели марги маҳкумшуда мутобиқи моддаи 322-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Айни замон оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дошта, сабабҳои марги Ҳ.Икромзода мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, аз Прокуратураи генералӣ дархост кард, ки аз рӯи далели марги маҳкумшуда тафтишоти беғаразона ва мунсифона гузаронида шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.