Натиҷаи ташхис: Икромзода аз худкушӣ ҳалок шудааст

spot_imgspot_img

Дата:


Натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд.


Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» наздикони Ҳ.Икромзода хабар доданд, онҳо бо натиҷаи ташхиси мазкур қаонатманд набуда, аз Прокуратураи генералӣ баргузор намудани ташхиси такрориро талаб хоҳанд кард.

Ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова аз ҳама гуна шарҳи ин масъала худдорӣ варзида, таъкид намуд, ки дар давоми баргузории тафтишот прокуратура аз ӯ дар бораи ифшо накардани хулосаи коршиносони ташхиси судиву тиббӣ забонхат гирифтааст.

Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли равон дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.

Прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ аз рӯи далели марги маҳкумшуда мутобиқи моддаи 322-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Айни замон оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дошта, сабабҳои марги Ҳ.Икромзода мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, аз Прокуратураи генералӣ дархост кард, ки аз рӯи далели марги маҳкумшуда тафтишоти беғаразона ва мунсифона гузаронида шавад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...